Дар Ховалинг бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаҳои варзишӣ доир шуданд
ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол 25 май бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва соҳибкорони ватанӣ мусобиқаҳои варзишии футболи хурд, шашка, шоҳмот, пойгаи аспдавонӣ ва гӯштини миллӣ доир шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд.
Дар мусобиқаи футболи хурд 12 даста байни ҳам рақобат намуда, ҳар кадом барои гирифтани ҷойи аввал маҳорати баланди варзишӣ нишон дод.
Инчунин дар мусобиқаҳои шашка ва шоҳмот, ки байни муҳассилини муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ доир гардид, дар намуди шашка зиёда аз 70 нафар ва дар мусобиқаи шоҳмот беш аз 60 нафар иштирок намуданд, ки ин мусобиқот қобилияти зеҳниву фикрии инсонро нишон медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри солимии ҷомеа ва рушди соҳаи варзиш, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар байни ҷавонону наврасон ва ҳавасмандони ин соҳа, инчунин дар ин замина муаррифӣ намудани табиати зебову нотакрор ва рушди соҳаи саёҳӣ дар мамлакат пайваста мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон ғолибони ин мусобиқаҳо бо медал, Сипоснома ва туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд.
Бояд гуфт, ки бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷонибдории давлатҳои аъзои Созмони Милали Мутаҳид 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






