Дар маҷаллаҳои бонуфуз ва серхонандатарини Покистон оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон маводи васеъ нашр гардид

Май 28, 2024 15:50

ДУШАНБЕ, 28.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷаллаи бонуфуз ва серхонандатарини Покистон «Daily Promotion» ва «The World Ambassador» дар бораи ташаббуси ҷаҳонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ инчунин суханронӣ ва таҷлили бошукуҳи Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон маводи васеъ нашр гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки маҷаллаи «Daily Promotion» бо 5 забони гуногуни Покистон, аз ҷумла забонҳои урду, пашту, панҷобӣ, сириликӣ ва англисӣ дар ҳама шаҳрҳои Покистон ба нашр мерасад. Теъдоди нашри маҷалла қариб 40000 ҳазор нусха дар 1 рӯз буда, дар шабакаи интернетӣ бахши хоси нашриёти электронӣ ва зиёда аз 100 ҳазор аъзои доимӣ дорад.

Қаблан ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар маҷаллаҳои нашриётӣ ва электронии Покистон бо забонҳои урду ва англисӣ ба таври васеъ нашр гардида буданд.

Аз ҷумла, дар нашрияҳои маъруфи  Покистон бо забонҳои англисӣ ва урду таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об пешсаф аст» мақолаҳо ба нашр расиданд, ки ба ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об бахшида шудаанд.

Дар мақолаҳо 5 ташаббуси глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013»,  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 шарҳу тавзеҳ ёфта, аҳамияти бузурги онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об таъкид шудааст.

Дар хулосаи мақолаҳо, ки бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод ба нашр расидааст, гуфта шудааст, ки ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, назари навро дар истифодаи захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон талқин ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор роҳро ҳамвор менамоянд.

 

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод

Май 28, 2024 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бюрои рушди иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космос Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд