Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 17 май таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дустмуродзода бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар кори машварат намояндагони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар машварат ба масъалаи назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки воситаҳои буҷетӣ, баланд бардоштани нақши Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт изҳори назар карда шуд.
Ҳамзамон барои тақвият додани ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо ва пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд, ки аз тарафи ҳайати Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди қабул дониста шуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд






