Дар ноҳияи Ҳамадонӣ беш аз 1 миллион сомонӣ қарзҳои андоз кам шуданд
ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар чор моҳи соли 2024 нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ноҳияи Мир Сайи Алии Ҳамадонӣ 100,3 фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Нозироти андози ноҳия иттилоъ дод.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин давра ба ҷойи 15 миллиону 337 ҳазору 305 сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷет 15 миллиону 390 ҳазору 920 сомонӣ маблағи андоз ворид гардид, ки беш аз 172 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Изҳор гардид, ки барои кам кардани бақияпулиҳои қарзи андоз аз тарафи мутахассисон ва кормандони нозироти андози ноҳия бо андозсупорандагон ва соҳибкорони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ корҳои оммафаҳмонӣ ва тарғиботӣ амалӣ шуда, дар натиҷа ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи андоз кам гардид.
Инчунин гуфта шуд, ки бештари бақияпулиҳои қарзи андоз дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоратӣ ва колхозу совхозҳои таҷдидношуда мебошанд.
Тибқи маълумот, дар айни замон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 4600 хоҷагии деҳқонӣ, 650 нафар соҳибкор тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда ва 170 соҳибкор тибқи шаҳодатномаи соҳибкорӣ ҳамчун андозсупоранда дар сабти нозироти андози ноҳия мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






