Дар ноҳияи Ашт 20 000 гектар боғи зардолу мавҷуд аст

Май 10, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 10.05.2024 /АМИТ «Ховар/. Хо­ҷагии деҳқонии «Кӯҳс­ор»-и ноҳияи Ашт дорои 13 гект­ар боғи зардолу мебошад, ки бо мусоид омадани боду ҳавои имсола дарахтон нашъунамои хуб доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Боғпарварон тасмим гирифтаанд, ки баъди пухта расидан ҳосилро ҷамъоварӣ карда, онро ба хориҷи мамлакат содир намоянд.

Дар хоҷагӣ 3 гектар зардолуи пешпазак мавҷуд аст, ки ҳамасо­ла ҳосили он — зардо­луи тар ба Федератси­яи Русия ва Қазоқистон содирот мегардад.

Бояд гуфт, ки ноҳияи Ашт дорои 20 ҳазор гектар боғоти зардолу буда, боғп­арварон аз ин ҳисоб даромади хуб мегиран­д.

Боғдорон зимни суҳбат изҳор доштанд, ки ҳосилро дар чанд марҳила ҷамъ ва хушк менамоянд ва дар вақти мавсим занҳои хонанишин ба кор ҷалб карда мешаванд.

Дар ноҳия барои бо тарҳи ҷаззоб банду баст кардани зардолу, бунёди коргоҳи коркарди зардолу ва истеҳсоли афшураҳо, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти тайёр корҳо идома доранд.

АКС аз бойгонӣ

Май 10, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд