Дар ноҳияи Мастчоҳ даъват ба хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат иҷро гардид

Май 23, 2024 14:02

ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ пеш аз муҳлат иҷро гардид. Дар ин хусус раиси комиссияи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ Музаффар Азиззода иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Музаффар Азиззода афзуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард буда, он мактаби бузурги мардонагиву ватандӯстӣ маҳсуб мешавад. Саҳмгузорӣ дар татбиқи амру фармонҳои Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусалллаҳи мамлакат ва пурзӯр намудани тарбияи ахлоқию ватандӯстии ҷавонони синни даъватӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар самти мудофиа ва ҳимояи ватан ва марзу буми мамлакат мебошад. Мо изҳори боварӣ менамоем, ки наваскарон Ватанро бо матонату шуҷоат ҳифз намуда, хизмати онро содиқонаву сарбаландона адо намуда, ба назди падару модарон бармегарданд.

Бояд гуфт, ки  беш аз 35 шаҳрванди синни даъватӣ, ки довталабона ба хизмати ҳарбӣ рафтанд, дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ даври омӯзишии ройгонро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардиданд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Май 23, 2024 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа