Дар ноҳияи Шаҳристон кишти картошка идома дорад
СУҒД, 19.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд кишти картошка идома дошта, деҳқонон тасмим гирифтаанд, ки имсол дар 1735 гектар картошка кишт намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, кишти картошка дар ноҳияи Шаҳристон то имрӯз тибқи нақшаи муқарраршуда 71 фоиз иҷро шуда, деҳқонон рӯзҳои наздик нақшаро пурра иҷро мекунанд.
Тибқи нақша, дар 1022 гектар замини Ҷамоати деҳоти Шаҳристон, дар 546 гектар замини Ҷамоати деҳоти Бунҷикат, дар 167 гектар замини ташкилоту муассисаҳо ва аз ин ҳисоб 100 гектар дар заминҳои Хоҷагии ҷангал картошка кишт карда мешавад.
Раиси вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон бо вазъи корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти картошка шинос гардида, бо кишоварзон вохӯрӣ намуд. Ҳамзамон ба онҳо барои истифодаи самараноки замин, зиёд намудани майдони кишти картошка, бунёди боғҳои нав, аз ҷумла шинонидани ниҳоли хуч тавсияҳо дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






