Дар ноҳияи Шаҳристон кишти картошка идома дорад

Май 19, 2024 10:34

СУҒД, 19.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд кишти картошка идома дошта, деҳқонон тасмим гирифтаанд, ки имсол дар 1735 гектар картошка кишт намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, кишти картошка дар ноҳияи Шаҳристон то имрӯз тибқи нақшаи муқарраршуда 71 фоиз иҷро шуда, деҳқонон рӯзҳои наздик нақшаро пурра иҷро мекунанд.

Тибқи нақша, дар 1022 гектар замини Ҷамоати деҳоти Шаҳристон, дар 546 гектар замини Ҷамоати деҳоти Бунҷикат,​ дар 167 гектар замини ташкилоту муассисаҳо ва аз ин ҳисоб 100 гектар дар заминҳои Хоҷагии ҷангал картошка кишт карда мешавад.

Раиси вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон бо вазъи корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти картошка шинос гардида, бо кишоварзон вохӯрӣ намуд. Ҳамзамон ба онҳо барои истифодаи самараноки замин, зиёд намудани майдони кишти картошка, бунёди боғҳои нав, аз ҷумла шинонидани ниҳоли хуч тавсияҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 19, 2024 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд
НАМОИШГОҲИ ҶАҲОНИИ EXPO-2025. Ҳамарӯза Гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд
Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як миллиард сомонӣ расид
Дар ноҳияи Ёвон беш аз 22 ҳазор тонна маҳсулоти ғаладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расид»
Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 11 ҳазор расид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт