Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд

Май 8, 2024 08:54

ДУШАНБЕ, 08.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат  дар ҳошияи иҷлосияи 57-уми Комиссияи аҳолӣ ва рушд (CPD) бо мудири минтақавии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ  Флоренс Бауэр ва роҳбари кишварии ин ниҳод дар Тоҷикистон Нигина Абасзада  баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳидро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба Форуми вакилони парлумон оид ба Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (ICPD30) таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ барои тавонмандсозии ҷавонон ва духтарон», ки дар ҳошияи Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (10-13 июни 2024, Душанбе) баргузор мегардад, табодули афкор намуданд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Май 8, 2024 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид