Дар Рим имконияти сармоягузорӣ ва зарфияти иқтисодии Тоҷикистон ба ширкатҳои бонуфузи Италия муаррифӣ карда шуд

Май 30, 2024 11:20

ДУШАНБЕ, 30.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар шаҳри Рим вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбарони зиёда аз 30 ширкати бонуфузи италиявӣ, аз ҷумла «Ansaldio Energia», «IVECO Group», «MERMEC», «SAIPEM», «SACE» ва дигарон баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни чорабинӣ имконияти сармоягузорӣ ва зарфияти иқтисодии мамлакатро дар соҳаҳои обу энергетика, саноат, захираҳои табиӣ, сайёҳӣ ва ғайра муаррифӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрӣ дар ҳошияи нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ – Италия» баргузор гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 30, 2024 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд