Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва роҳбарияти вилояти Суғд дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба дидорбинии собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳрҳои Исфара ва Конибодом рафтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Нахуст аз ҳоли сокини 98-солаи шаҳри Конибодом, иштирокчии ҷанги солҳои 1941-1945 Абдуваҳҳоб Махкамов хабар гирифтанд. Зимни суҳбат иброз гардид, ки диловариву ҷонфидоӣ, корнамоӣ ва қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи Ватан дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардида, барои насли ҷавони имрӯза намунаи ибрат аст.
Ба иштирокчии ҷанг аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миқдори 40 000 сомонӣ кумакпулии яквақта дода шуд.
Сипас ба якчанд нафаре, ки дар ақибгоҳ меҳнати фидокорона намудаанд, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти вилоят ва шаҳрҳои Конибодому Исфара кумакҳои пулӣ супорида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






