Дар шаҳри Ашқобод муҷассамаи шоири тоҷик Сайидои Насафӣ гузошта шуд

Май 19, 2024 10:53

ДУШАНБЕ, 19.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар доираи баргузории Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 300-солагии шоир ва мутафаккири бузурги халқи туркман — Махтумқулӣ Фироқӣ дар боғи ҳамноми шоир муҷассамаи шоири тоҷик Сайидои Насафӣ гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар расми ифтитоҳи муҷассама ва боғ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иштирок намуда, дар пояи муҷассамаи Сайидои Насафӣ гулчанбар гузошт.

Бояд гуфт, ки Сайидои Насафӣ бузургтарин шоири асри XVII ва ибтидои асри ХVIII-и тоҷик аст.

Ӯ аз худ осори баландмазмуну рангини фаровон мерос гузаштааст, ки онҳо аз ҷумлаи дурдонаҳои таърихи адабиёти пурғановати тоҷик ба ҳисоб мераванд.

Мероси адабии Сайидои Насафӣ, ки ба шакли куллиёт ва девони ашъор фароҳам омада, то замони мо расидааст, аз ғазалиёт, қасидаву маснавиҳо, мухаммасу мусаддас, рубоиёту қитъаҳо, асари тамсилии «Баҳориёт», «Шаҳрошӯб» иборат буда, 8500 байтро дар бар мегирад.

Куллиёти шоир бо ғазал оғоз шуда, қисми бештари маҷмуаро ташкил медиҳад ва шумораи он ба 550 мерасад.

Ӯ яке аз сухансароёнест, ки забони шеъри классикии тоҷикро ба забони гуфугӯии халқ наздик кардааст.

Ҳамчунин дар доираи Конфронси байналмилалӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо муовини Раиси девони вазирони Туркманистон Меҳриҷамол Мамедова ва Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелди Шамурадов мулоқот намуд.


Дар ҷараёни вохӯриҳо байни ҷонибҳо доир ба ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи фарҳанг гуфтугӯ анҷом дода шуд.

Инчунин ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 300-солагии шоир ва мутафаккири бузурги халқи туркман — Махтумқулӣ Фироқӣ, ки таҳти унвони «Ҳаёт ва фаъолияти Махтумқулӣ Фироқӣ» баргузор гардид, раёсатро бар уҳда дошт.


Дар доираи Конфронс 18 май, ки дар Туркманистон ҳамчун рӯзи Конститутсия ва Парчам таҷлил карда мешавад, вазирони фарҳанги давлатҳои дӯст ва меҳмонон ҳамчун рамзи эҳтиром дар пояи муҷассамаи Конститутсия ва Парчами Туркманистон гулчанбар гузоштанд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2024 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад