Дар шаҳри Гулистон 6 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода мешавад

Май 18, 2024 15:21

СУҒД, 18.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд 6 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

Гулистон яке аз минтақаҳои саноатӣ ва сайёҳии вилояти Суғд маҳсуб шуда, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва таҷлили бошукуҳи ҷашни 35‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди теъдоди зиёди корхонаи нави саноатӣ ва биноҳои баландошёна, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Дар раванди бунёду ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ саҳми соҳибкорону сармоягузорон бештар аст. Имрӯзҳо дар минтақаи саноатии шаҳр корҳои бозсозӣ дар корхонаи истеҳсоли масолеҳи металлии ҶДММ “Маҳмуд ва КО” бо маром идома доранд. Дар ин корхона арматура ва секунҷаю чоркунҷаҳои металлӣ, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна масолеҳи асосӣ ба шумор меравад, истеҳсол карда мешавад.

Ҳамзамон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон бунёди корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқӣ ва қубурҳои полиэтиленӣ низ идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона бештар аз 30 намуди ноқилҳои барқӣ ва қубурҳои полиэтилении шаклу андозаашон гуногун истеҳсол шуда, маҳсулоти ин корхона ивазкунандаи воридот мебошад.

Дар ин ду коргоҳ сохтмон дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик васлу насби хатҳои технологӣ шуруъ мешавад.

Дар ҶДММ «Тиглат» дар ояндаи наздик рангҳои сохтмонӣ истеҳсол мешаванд. То ин замон дастгоҳу таҷҳизот аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлати Туркия ворид карда шуда, маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол мегардад.

Дар натиҷаи ба фаъолият оғоз намудани коргоҳи рангбарории ҶДММ «Тиглат» 50 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешавад.

Дар семоҳаи аввали соли 2024 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 767 миллиону  288,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. 

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 18, 2024 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд