Дар шаҳри Хоруғ имконияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар мегардад
ДУШАНБЕ, 18.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи омодагӣ ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳибкорони ватанӣ кӯшиш доранд, ки барои аҳолӣ шароиту имконияти муосири хизматрасонӣ фароҳам оранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Ин иқдоми ватандӯстонаи соҳибкорон имкон медиҳад, ки ба сокинон, ҳамзамон ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ имконияти муосири хизматрасонӣ пешкаш шуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.
Бояд гуфт, ки дар доираи таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) то охири соли 2024 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 270 иншоот ба истифода дода мешавад.
Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 355 иншооти таъйиноти гуногун идома дошта, дар байни онҳо иншооти стратегӣ, аз қабили қитъаҳои роҳи Душанбе-Хоруғ-Кулма аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон ва мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон, пули калон дар шаҳри Хоруғ, Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа бо маблағи 3,6 миллиард сомонӣ аз бузургтарин иншоот ба ҳисоб мераванд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






