Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи парламентӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷаласа таҳти раёсати раиси комиссия, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар реҷаи фосилавӣ баргузор шуд.
Комиссия 14 масъала, аз ҷумла пешниҳоди сенаторҳои Қазоқистонро дар бораи таҳияи қонуни намунавӣ «Дар бораи танзими ҳуқуқии мубориза бо хушунати хонаводагӣ» мавриди баррасӣ қарор дод.
Вакилони парламент дар ҷаласа ҳамчунин раиси комиссияи доимии Шурои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба корҳои байналмилалӣ ва амнияти миллӣ Сергей Сиветс ва вакили Маҷлиси Ҷогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Сеидбек Атамбоевро муовинони раиси комиссия интихоб намуданд.
Ҳамзамон ба иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба ҷараёни кор дар лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи шартномаҳо роҷеъ ба моликияти супоридани амвол» маълумот дода шуд. Дар ин санад танзими иҷрои уҳдадориҳои шартномавии тарафҳо оид ба шартномаҳои хариду фурӯш, мубодила, туҳфа, иҷора ва навъҳои он муфассал баён шудааст.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки корҳои омодагӣ оид ба лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи баҳодиҳии кадастри давлатӣ» идома доранд. Лоиҳаи аснод барои дарёфти хулосаи коршиносон ба парламентҳои давлатҳои аъзои Ассамблеяи парламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ирсол мегардад.
Дар ҷаласаи комиссия Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳоди таҳияи қонуни намунавии танзими мубориза бо хушунати хонаводагиро ба миён гузошт.
Комиссия идеяи таҳияи ҳуҷҷатро дастгирӣ намуд. Вакилони парлумон бо пешниҳоди ворид кардани қонуни намунавӣ ба нақшаи дарозмуддати намунавии таҳияи қонун барои солҳои 2023-2025 ба Шурои Ассамблеяи парламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муроҷиат менамоянд.
Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин доир ба лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи шартномаҳои нигаҳдорӣ», «Дар бораи шартномаҳои миёнаравӣ», «Дар бораи шартномаҳои шарикии одӣ», «Дар бораи шартномаҳои додани амвол барои истифода», «Дар бораи шартномаҳои иҷрои кор» табодули афкор намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






