Дар Шаҳринав 360 гектар замини корам бо оби полезӣ таъмин гардид
ШАҲРИНАВ, 19.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Шаҳринав ба воситаи канали Чузӣ 360 гектар замини хоҷагии давлатии ниҳолпарварӣ, ҶДММ «Зарнисори Шаҳринав», «ИИАС-Шаҳринав» ва заминҳои наздиҳавлигию ёрирасони Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов бо оби полезӣ таъмин гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Заминҳо аз сабаби корношоям гардидани каналҳои мавҷуда солҳои зиёд обёрӣ намешуданд ва боғу токзор низ аз норасоии оби полезӣ хушк мегардид. Хушбахтона, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав мушкилии чандинсолаи заҳматкашон бартараф гардида, заминҳои зиёд обёрӣ гардиданд, ки дар оянда ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамоянд.
Имрӯзҳо дар ноҳия тартиби танзими меъёри истифодаи дурусти об муайян шуда, деҳқонон аз рӯйи ҳамин тақсимбандӣ заминҳояшонро об медиҳанд.
Ҳамчунин дар ин давра бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пойгоҳи обкашии «Чузӣ-04» пурра таъмир гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Он имрӯзҳо дар ҳолати корӣ мебошад.
Дар ноҳияи Шаҳринав дар ин давра техникаҳои зиёд ба кор ҷалб гардида, корҳои беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии заминҳо ва каналу заҳкашҳо анҷом дода шудаанд. Тавассути фаъолияти дурусти онҳо имрӯзҳо кишоварзон бо оби полезӣ таъмин гардидаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав










Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






