Дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 17.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29-31 май дар Тоҷикистон ҷаласаи 69-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ оид ба омори соҳаи меҳнат таҳти унвони «Инкишофи омори меҳнат бо назардошти қарорҳои Конференсияи 21-уми байналмилалии омори меҳнат» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар кори он масъалаҳои муҳими оморӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор вобаста ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти омори давлатҳои аъзо ва нақшаҳои минбаъдаи Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул мегарданд.
Гуфта шуд, ки директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 роҳбарии Шурои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дорад.
Дар назар аст, ки дар он масъалаҳои марбут ба пайгирии навгониҳои илмӣ дар раванди гузариш ба стандартҳои нави омори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва таъсири он ба ҷараёнҳои муҳоҷират, мақом дар шуғл ва ченкунии даромад аз шуғл ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи меҳнат ва шуғлнокии аҳолӣ баррасӣ гарданд.
АКС: Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






