Дар Тоҷикистон омӯзиши забони англисӣ аз синфи сеюм оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забони англисӣ аз синфи сеюм оғоз мегардад. Ин матлабро 21 май Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни мулоқот бо директори минтақавии Шурои Британия Андриан Чедвик, ки дар доираи Форуми ҷаҳонии «Маориф-2024» дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ доир шуд, баён дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ медиҳад.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки бо мақсади омӯзиши пурраи забони англисӣ ва рушди касбӣ омӯзгорон дар асоси методикаҳои нав аз даври омӯзишии такмили ихтисос мегузаранд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таълим ва омӯзиши забони англисӣ, такмили ихтисоси омӯзгорони фанни забони англисӣ ва дар оянда кушодани маркази супоридани имтиҳонҳои IELTS-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки моҳи сентябри соли 2024 директори минтақавии Шурои Британия Андриан Чедвик бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, лоиҳаҳои нави ҳамкориро мавриди баррасӣ ва амал қарор медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 20 май ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аввалин маротиба дар Форуми ҷаҳонии «Маориф-2024», ки ҳамасола аз ҷониби Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар шаҳри Лондон ташкил карда мешавад, иштирок намуд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад






