Дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳа оид ба барқикунонии нақлиёти ҷамъиятӣ бо дастгирии Комиссияи СММ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором — ЭСКАТО (UN Economic and Social Commission for Asia and the Pacific (UNESCAP) лоиҳаи «Суръатбахшии гузариш ба автомобилҳои барқӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, марҳилаи II» оғоз ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба татбиқи лоиҳаи ҳамкории техникии «Суръатбахшии гузариш ба автомобилҳои барқӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, марҳилаи II» барои солҳои 2024 – 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд.
Лоиҳа барои мусоидат ба пешбурди минбаъдаи нақшаҳои миллӣ оид ба барқикунонии паркҳои нақлиёти ҷамъиятӣ равона гардида, дар анҷоми татбиқи он дар назар аст, ки шабакаҳои озмоишии электробусҳо дар чор давлати мақсадноки давлатҳои аъзои ин комиссия, аз ҷумла Тоҷикистон ҷорӣ карда шаванд.
Инчунин дар доираи лоиҳа дар Тоҷикистон харитаи роҳи минтақавӣ оид ба шаклҳои маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои гузариш ба нақлиёти барқии ҷамъиятӣ таҳия мегардад. Дар доираи ин лоиҳа солҳои 2024 – 2026 аз ҷониби масъулини соҳа баргузории вохӯриҳо дар сатҳи миллӣ ва ҳамоишҳои ҷонибҳои манфиатдор, ҳамоҳангсозии механизми барқикунонии соҳа байни мақомоти марбута, таҳияи арзёбии эҳтиёҷоти техникӣ, таҳияи тавсияҳои инфиродӣ оид ба имконот/механизмҳои қобили маблағгузории ҳаракат дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва имконияти дохил кардани сармоягузорӣ ба рушди электромобилҳо дар ҷумҳурӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаи озмоишии автобуси барқӣ дар яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






