Дар вилояти Хатлон масоили иқтисодиву сармоягузорӣ баррасӣ шуданд

Май 30, 2024 09:23

ДУШАНБЕ, 30.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис вохӯрӣ намуд, ки зимни он масоили иқтисодиву сармоягузорӣ, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, татбиқи лоиҳаҳо, ҳуқуқи инсон, терроризму ифротгароӣ, энергияи «сабз», тандурустӣ, истеҳсол ва коркарди пахта, корхонаҳои саноатӣ, маориф, нақлиёти хизматрасонӣ, кишоварзӣ, таъмини оби ошомиданӣ ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз рушди бобарори муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дурнамои робитаҳоро дар бахшҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Сафири Иттиҳоди Аврупо иброз намуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон 300 миллион евро ихтисос дода шудааст, ки 115 миллион евро ба вилояти Хатлон рост меояд.

Ин лоиҳаҳо ба беҳбуди таъмини оби ошомиданӣ ва корез дар манотиқи деҳот, бахусус мактабу бемористонҳо нигаронида шудаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Май 30, 2024 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд