Дар якчанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бар асари бориши шадид сел ба амал омад

Май 6, 2024 15:51

ДУШАНБЕ, 06.05.2024. /АМИТ «Ховар»/.  5 май дар натиҷаи бориши шадид дар дарёҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон сел омада, сатҳи об боло баромад, ки зимни он талафоти ҷонӣ низ сабт гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, 5 май,  соати 04:30 дар натиҷаи бориши шадид дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти шаҳри Ваҳдат, аз ҷумла А.Абдулвосиев, Нӯъмон Розиқ, Чуянгарон, Симиганҷ, Ромит, Роҳатӣ ва  кӯчаҳои ба номи К.Исмоилов, Ғалаба ва маркази шаҳр сел ба амал омада, дар натиҷа пулҳо, сарбандҳои муҳофизатӣ, заҳбурҳо, иншоот, роҳҳои маҳаллӣ,  сокинони маҳаллӣ  ва хоҷагии ёрирасони онҳо зери об мондаанд. Сокинони ҷамоатҳои зери хатар ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ фавран оғоз гардида, Комиссияи фавқулодаи шаҳр фаъолият мекунад. Ҳаҷми хисороти ба аҳолӣ расида муайян карда мешавад.

Инчунин ҳамон рӯз соати 04:50 дар деҳаи Гулбоғи Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бар асари бориши шадид сел омад.

Дар натиҷаи омадани сел заминҳои наздиҳавлигӣ, иншооти ёрирасон ва шоҳроҳи деҳа зери об монданд. Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи кунунӣ ва бо мақсади ҳамоҳангсозии чорабиниҳои муштарак бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар идораҳо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат Рустам Назарзода ба ҷойи ҳодиса рафт.


Наҷотдиҳандагони Кумита ва техникаи муҳандисии вазнин ба кори  анҷом додани оқибатҳои офати табиӣ ҷалб шуданд.

Ҳаҷми хисоротро Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб муайян мекунад. Мутаассифона, дар натиҷаи омадани сел ду сокини 40 ва 67-солаи ин ноҳия ба ҳалокат расиданд.

Ҳамзамон 5 май, соати 11:05 дар маҳаллаи Сабзазор, кӯчаи Деҳнаваки ноҳияи Сомонии шаҳри Душанбе дар натиҷаи бориши шадид сатҳи оби дарёи Харангон баланд шуда, дар натиҷа маҷрои дарё тағйир ёфта, як қисми соҳили дарёро ба масофаи 45—50 метр шуста бурдааст. Барои анҷом додани корҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ба ҷои ҳодиса як техникаи вазнини муҳандисӣ равон карда шуд. Инчунин дар пайи бориши зиёд сатҳи оби рӯдхонаи Варзоб боло рафт. Дарё маҷрояшро тағйир дод, ки дар натиҷаи ин об соҳили чапи дарёро такрибан 50—60 метр шуста бурд.

Дар Ҷамоати деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ омадани сел ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 28 қитъаи замини наздиҳавлигии Ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва Навобод зери об монд. Дар айни замон корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия муайян кардани хисорот идома доранд.

Бориши шадид дар ҳудуди ду ҷамоати деҳоти шаҳри Ҳисор боиси ба амал омадани сел гардид. 72 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони Ҷамоати деҳоти Навобод ва Мирзо Турсунзодаро об пахш кард. Дар ҷои ҳодиса Комиссияи фавқулодаи шаҳр кор мекунад.


Ҳамзамон 5 май, тахминан соати 14:10 дар натиҷаи бориши шадид дар деҳаи Савдаи Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав сатҳи об боло рафта, роҳи байни деҳаро об зер кард. Ҳамчунин дар ин рӯз, тахминан соати 14:10 оби рӯдхонае, ки аз болои деҳаи Файзбахш ҷорӣ мешавад, аз соҳилаш берун шуд. Оби дарё заминҳои наздиҳавлигӣ, таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ ва заминҳои кишоварзии деҳаро зер кард. Дар ҷамоатҳои зарардидаи шаҳр корҳои бартарафсозии оқибатҳои он бо истифода аз ду мошини обкаш идома ёфтанд.

5 май, тахминан соати 07:30 омадани сел пули мошингарди Нуробод-Сангвор-Дарвоз-Сариҷар дар ноҳияи Нурободро пурра хароб кардааст. Ҳамчунин дар километри 21-уми деҳаи Дашти Гург ва 39-уми деҳаи Рубоднол дар километри 18 ва 5-уми шоҳроҳи Лабиҷар — Сангвор бориши борон боиси зери об мондани роҳҳо гардид. Дар натиҷа роҳ муваққатан баста шуд. Таҷҳизоти муҳандисии хадамоти роҳсозии ноҳия дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, комиссияи ноҳиявӣ хисороти онро муайян мекунад.

Дар вилояти Хатлон низ бориш боиси ба амал омадани сел гардид. Ҳамин тариқ, тахминан соати 03:30-и 5 май дар деҳаҳои Тиётош, Зағертут, Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант омадани сел сабт гардид.

Бар асари сел 50 метр роҳе, ки аз ҳудуди деҳаи Зағертут мегузарад ва гилу санг онро баста буданд, бо ёрии техника тоза карда шуд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2024 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 2970 ҳазор нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд
Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Дар Тоҷикистон 15 телевизион ва 10 радиои давлатӣ, 16 телевизион ва 25 радиои хусусӣ фаъолият доранд
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-2» ба истифода дода шуд
Дар басти якуми истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 320 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд
Доир ба хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Вазирони тандурустии давлатҳои аъзои ТУТ масъалаи муқовимат ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд
Дар Фаронса дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ муаррифӣ гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад