Директори Хазинаи байналмилалии асъор бо занони пешсафи тоҷик мулоқот намуд

Май 18, 2024 09:35

ДУШАНБЕ, 18.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар доираи сафари кории ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» суҳбати озоди директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор хонум Кристалина Георгиева бо занону духтарони фаъоли ҷамъиятӣ ва давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Меҳвари асосии суҳбатро масъалаҳои марбут ба таъмини баробарии гендерӣ дар тамоми қишрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар оила ва бозори меҳнат, таъсири он ба рушди иҷтимоӣ, муҳиммият ва мақсадҳои асосии баробарии гендерӣ, инчунин дигар андешаҳои ҷолибу созандаи занони фаъол вобаста ба рушду нумуи мамлакат  ташкил дод.

Бояд гуфт, ки дар мулоқот муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  Гулбаҳор Назирӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва дигар занони фаъол ва пешсафи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 18, 2024 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд