«ДУШАНБЕ–ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар пойтахт Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 07.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 25 май таҳти унвони «Душанбе – шаҳри ҳушманд» Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Мақсад аз баргузории ҳафта дастгирии шавқу рағбати наврасону ҷавонон ба техникаву технологияи муосир буда, дар доираи ҳафта озмунҳои гуногун баргузор мегарданд.
Ҳафта таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузаронида шуда, ғолибони он бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС: Маркази таҳлилӣ-итилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






