Ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар фард мебошад

Май 19, 2024 17:17

ДУШАНБЕ, 19.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат вохӯрии раёсати донишгоҳ бо занону духтарон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Дар он доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлат сухан гуфта шуд.

Инчунин иброз гардид, ки ҳар шаҳрванд бояд ба либоси миллӣ эҳтиром гузорад, зеро миллати тоҷик дорои таърих ва тамаддуни ғанӣ мебошад. Кишварҳои зиёде ҳастанд, ки ҳатто нишонаҳои фарқкунандаи миллӣ надоранд, вале мо, тоҷикон хушбахт аз онем, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ҳастем ва нақшу нигори миллии мо дар либоси мо инъикос ёфтааст.

Бояд гуфт, ки ҳар миллатро маҳз фарҳанги волояш муаррифӣ менамояд. Миллати тоҷик низ ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар дар ҷаҳон дорои мавқеъ ва манзалати хос мебошад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша як нуктаро таъкид менамоянд, ки «дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд».

Аз ин хотир моро зарур аст, ки ба амали нангини бегонапарастӣ ҳарчӣ зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии занону духтаронро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирифта, байни занон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Май 19, 2024 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд