«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ 189 довталаб иштирок дорад
ХОРУҒ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар Муассисаи давлатӣ- таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид, ки дар он 189 хонандаи муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону донишҷӯён ва докторантҳо иштирок намуда, аз рӯйи номинатсияҳои интихобнамуда ҳунари китобхонӣ ва ихтироъкориро манзури ҳакамони нуктасанҷ мегардонанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли дуюм аст, ки бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва намояндагони қишрҳои дигари ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, баргузор мешавад.
Дар долони ин муассисаи таълимӣ дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба намоиш гузошта шуд.
Изҳор гардид, ки озмун бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон гузаронида мешавад. Ҳадафи озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу савод ва маърифатнокии қишрҳои гуногуни ҷомеа ва бахусус кӯдакону наврасон ва ба ин васила дар ояндаи наздик таъмин кардани ҳамаи бахшҳои муҳими давлатӣ бо мутахассисони варзида ва рушди техникаву технологияи муосир дар мамлакат мебошад. Бо фарқ аз дигар озмунҳо довталабони ин озмун аз рӯйи номинатсияҳои илмҳои дақиқ- математика, физика, астрономия, география, технологияи иттилоотӣ ва ихтироъкориву навоварӣ сатҳи дониш ва истеъдоду маҳораташонро ба намоиш мегузоранд.
Ҳамзамон аз ҳайати ҳакамон тақозо карда шуд, ки дониши довталабонро ҳаматарафа санҷида, ба онҳо баҳои холисона диҳанд, беҳтаринҳоро интихоб карда, ба озмуни вилоятӣ роҳхат диҳанд.
Дар озмуни имсола 189 довталаб иштирок менамояд, ки 116 нафараш хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миенаи умумӣ, 47 нафар донишҷӯ ва 3 нафар доктори илм мебошад.
Ба ҳамин тартиб, довталабон ба гурӯҳҳо ҷудо шуданд ва рақобат оғоз ёфт. Озмуни шаҳрӣ ду рӯз идома ёфта, ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат мегиранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






