Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи мусофирон ва сарнишинони чархболи президенти Эрон Иброҳим Раисӣ бар асари суқути чархбол ба ҳалокат расиданд. Дар ин хусус раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон Пир Ҳусейн Коливанд иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Ҳангоме, ки наҷотдиҳандагон ба макони садамаи чархбол расиданд, нишонае аз зинда будани мусофирони чархбол пайдо нашуд», — иброз дошт ӯ дар шабакаи телевизионии IRIB.
Дар дохили чархбол ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, волии вилояти Озарбойҷони Шарқӣ Малик Раҳматӣ ва имоми панҷвақтаи шаҳри Табрез Муҳаммад Алӣ ал Ҳошим низ буданд.
Тавре агентии Mehr иттилоъ медиҳад, ҳамаи мусофирон ва ҳайати сарнишинон дар садамаи чархбол дар шимолу ғарби мамлакат ба ҳалокат расидаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






