Имрӯз дар шаҳри Машҳад маросими видоъ ва ҷанозаи Президенти Ҷумҳурии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ баргузор мешавад

Май 23, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 23.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маросими ҷанозаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш, ки бар асари суқути ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд,  шоми 23 май дар зодгоҳаш- шаҳри Машҳад, дар шимолу шарқи кишвар баргузор мешавад. Дар ин хусус иҷрокунандаи вазифаи президенти ҷумҳурӣ Муҳсин Мансурӣ, ки раҳбарии кумитаи ташкили маросими дафнро бар уҳда дошт, хабар дод, иттилоъ медиҳад агентии иттилоотии Эрон Fararu.

Ба гуфтаи ӯ, ҳалокшудагон дар оромгоҳи имом Ризо дар Машҳад ба хок супурда мешаванд.

Қабл аз ин 21 май дар шаҳри Табрез (музофоти Озарбойҷони шарқии Эрон) ва Қум маросими видоъ баргузор шуда буд.

22 май дар Донишгоҳи Теҳрон дар пойтахти Эрон маросими видоъ бо президенти ҷумҳурии ин кишвар Сайидиброҳими Раисӣ ва ҳамроҳонаш, ки дар натиҷаи суқути чархбол ҳалок шудаанд, баргузор шуд. Ин маросимро роҳбар ва пешвои руҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ сарварӣ намуд. Инчунин дар он иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентӣ Муҳаммад Мухбир ва дигар шахсони баландпоя иштирок доштанд. Илова бар ин, барои видоъ бо Раисӣ намояндагони беш аз 40 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон, Тунис, Амири Қатар, нахуствазирони Арманистон, Ироқу Покистон ва раиси Думаи давлатии Русия омаданд.

Мотам дар  мамлакат рӯзи сеюм аст, ки идома дорад.

Тавре қаблан хабар доданд, Ҳукумати Эрон тасмим гирифтааст, ки интихоботи 14-уми президентӣ дар ин кишвар 28 июн баргузор шавад.

Мувофиқи моддаи 131 Конститутсияи Эрон, агар президент вазифаҳои худро иҷро карда натавонад, ҳокимияти иҷроия муваққатан ба дасти ноиби аввали президент мегузарад, ки ӯ вазифадор аст интихоботи президенти навро давоми 50 рӯз ташкил намояд.

Зимнан иштирокчиён инчунин ҷадвали раванди интихобот, аз ҷумла ташкили ҳайатҳои иҷроия, бақайдгирии номзадҳо ва оғози маъракаҳои интихоботиро тартиб доданд.

Тибқи ҷадвал, бақайдгирӣ аз 30 май то 3 июн доир шуда, пас аз он номзадҳо бояд аз 12 то 27 июн маъракаҳои интихоботӣ баргузор кунанд, омадааст дар иттилоия.

Мувофқи малумоти ИРНА, Шурои конститутсионӣ нахуст ҷадвалро ба тасвиб расонид.

Ёдовар мешавем, ки чархболе, ки Президенти Эрон Сайидиброҳим Раисӣ, вазири корҳои хориҷӣ Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ва дигар мансабдоронро интиқол медод, 19 май дар шимолу ғарби давлат  дар ноҳияи Варзигон суқут намуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 23, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мегардад