Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ /АМИТ «Ховар»/. Барои пешгирии хавфи офатҳои табиӣ бо истифода аз механизмҳои зарурӣ соли 2024 гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 36065 метр ба нақша гирифта шудааст. Дар се моҳи аввали имсол дар масофаи 2060 метр корҳо иҷро гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта шуд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар доираи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» амалӣ мегарданд.
Барнома бо мақсади пешгирӣ намудани хавфи селу обхезиҳо ва шусташавии соҳилҳои дарёҳо таҳия гардидааст. Дар ҳолати иҷро шудани ҳадафҳои барнома имкон ҳаст, ки заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигари муҳими хоҷагии халқ аз таъсири селу обхезиҳо ҳифз гарданд.
Ҳамасола дар Тоҷикистон дар мавсими баҳору тобистон обшавии бошиддати барфу пиряхҳо ва бориши зиёд боиси обхезӣ, омадани ярч ва сел мегардад, ки ба маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти хоҷагии халқ зарари калон мерасонад.
Ба гуфти мутахассисон, офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу обхезиҳо дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳар сол мушоҳида карда мешаванд. Тибқи маълумоти мавҷуда, селҳое, ки бо суръати 60-80 километр дар як соат ҳаракат менамоянд, ҳар даҳ сол зиёда аз 25 маротиба такрор мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






