Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи махсус натиҷаҳои ҷустуҷӯи чархболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро пайгирӣ менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз ҷумла, дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «аз шунидани хабари нишасти изтирории чархбол бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳаш сахт нигарон ҳастем.
Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи махсус натиҷаҳои ҷустуҷӯи он чархболро пайгирӣ мекунад. Мо умед бар он дорем, ки Раисҷумҳури Эрон ва ҳайати ҳамроҳаш сиҳату саломат ҳастанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани тамоми кумакҳои зарурӣ ба давлати дӯсту бародар изҳори омодагӣ менамояд.
Мо дар канори Эрон ва мардуми онем».
Ёдовар мешавем, ки ҳодиса бо чархболи Раисиҷумҳури Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ рӯзи якшанбе дар минтақаи Верзеган, воқеъ дар вилояти Озарбойҷони Шарқии Эрон рух додааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






