Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба унвони АМИТ «Ховар» изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон ворид гардид.
Дар он, аз ҷумла омадааст:
«Изҳороти Саидҷаъфар Усмонзода аз номи Ҳизби демократи Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбук бар хилофи талаботи оинномаи Ҳизби демократи Тоҷикистон мебошад. Ҳафт нафар аъзои Шурои сиёсии ҲДТ (аз ҷумлаи 11 нафар) рӯзи 6-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои сиёсии ҳизбро баргузор карданд, ки ин мутобиқ ба талаботи оинномаи ҳизб (банди 4.7.17 – аз 3/2 аъзои Шурои сиёсӣ) мебошад. Хотиррасон мекунем, ки ин ҳафт нафар дар поёни қарори Шурои сиёсӣ имзо гузоштаанд. Ба ҳамин асос рӯзномаи «Ҷумҳурият» №83 аз 3-юми май ва хабаргузории расмии АМИТ «Ховар» аз 7-уми майи соли ҷорӣ қарори Шурои сиёсӣ ва даъвати Анҷумани XVIII ҲДТ-ро ба нашр расонданд.
Вале имрӯз 08.05.2024 Усмонзода бар хилофи талаботи оинномаи ҳизб ба таври ғайрирасмӣ аз номи Шурои сиёсӣ баргузории ҷаласа ва қабули қарорҳоро эълон кардааст. Аз 11 нафар аъзои Шурои сиёсӣ танҳо 4 нафар метавонист дар ҷаласаи ӯ иштирок кунанд, ки ин миқдор ба талаботи оиннома мухолиф аст. Ин дар ҳолест ки як нафар аъзои шуро дар ВМКБ ва як нафари дигар дар берун аз Тоҷикистон қарор доранд.
Мо аъзои Шурои сиёсӣ чунин рафтори С. Усмонзодаро ғайриодилона ва мухолифи оинномаи ҲДТ медонем ва талаб мекунем, ки аз чунин равишҳои зиддиоинномавӣ даст бикашад.
Шурои сиёсии ҲДТ бо такя ба ормонҳои миллӣ ва давлати миллӣ барои пешрафти ҷомеи кишвар дар доираи қонунҳои ҷории давлати Тоҷикистон амал мекунад.
Ба ҳамаи вакилони Анҷумани ғайринавбатии XVIII ҲДТ мерасонем, ки Анҷуман дар вақти таъйиншуда баргузор мешавад ва С. Усмонзода ва дигар аъзои Шурои сиёсӣ метавонанд дар кори он иштирок кунанд».
Ҳамчунин аз номи Алишер Идизода, ки аз соли 1989 узви Ҳизби демократи Тоҷикистон мебошад, ба унвони АМИТ «Ховар» изҳорот ворид шуд, ки дар он чунин гуфта мешавад:
«Изҳороти ошуфтаи Саидҷаъфар Усмонзода аз номи Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Фейсбук боиси нигаронӣ ва афсус аст. Ман ҳамчун узви ҲДТ аз рафтори Усмонзода хеле нороҳатам, зеро дар Шурои номниҳоди ӯ, дар таърихи 8-уми майи соли ҷорӣ ман иштирок надоштам. Вале ӯ маро дар ғайбам ва бе хоҳиши худам узви Шуро эълон кардааст. Ман аз чунин тарзи рафтори Усмонзода қатъиян норозӣ мебошам ва боварӣ дорам, ки сохторҳои дахлдор ба ин амали густохона баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд».
АКС аз манбаъҳои боз








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






