Камол Насрулло: «Имрӯз миллати тоҷик бо эътиқоду эътимоди нав рӯ ба «Шоҳнома» овардааст»

Май 20, 2024 10:54

ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тасмим гирифтааст, ки таҳти сарлавҳаи ««Шоҳнома» — мактаби худшиносӣ ва парчами ифтихори миллӣ» пайваста пажуҳишҳои нави аҳли илму адаб ва андешаҳои донишмандонро пешниҳоди хонандагон намояд.

Ин иқдом ба он вобаста аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров чун анъанаи шоҳони гузаштаи миллати тоҷик ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

Дар робита ба ин мавзуъ андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насруллоро манзури хонандагони сомона мегардонем.

— Иқдоми волои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди интишор ва тақдими ҳар хонадони тоҷик гардонидани “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, иқдоме, ки бо ҳадафҳои воло ва дурбинонаи миллӣ бори дигар моро ба меҳанпарастиву ватандӯстӣ ҳидоят намуда, саҳми бузурге дар пешрафти фазилат, эҳсоси худшиносӣ ва маънавиёти бузурги миллатамон мегузорад, имрӯз ба худ фурӯғи тоза гирифтааст.

Ин иқдом идомаи ҳамон ташаббусҳои дурбинонаву ватандӯстонаи Сарвари давлатамон мебошад, ки на танҳо ба тарбияи ватандӯстона, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастии мардум, балки низ ба боло бурдани сатҳи маънавӣ, ҷаҳонбиниву дунёшиносии сокинони мамлакат нигаронида шудааст.

Миллати тоҷик, ки ҳамеша арҷи баланд ба осори классикон, хусусан ин шоҳасари таърихӣ мегузошт ва “Шоҳнома”-хонӣ яке аз шуғлҳои писандидаи халқи мо буд, имрӯз дар фурӯғи дурахшони ин иқдом бо ангезиш ва эътиқоду эътимоди нав рӯ ба ин шоҳасари безавол овардааст.

Имрӯз “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, ки беҳтарин василаи худшиносии миллӣ ва огоҳӣ на танҳо аз таърих, балки аз ҳама фарҳангу илмҳо, фазилатҳои инсонӣ ва самтҳои фарогири зиндагӣ аст, боз ҳам таваҷҷуҳи хонандагони ҳамаи синнро ба худ ҷалб кардааст. Мо аминем, ки ин иқдоми дурбинонаи Президенти Тоҷикистон мисли ҳама иқдоми дигари фарҳангиву маънавии пешинаашон фазои дигари китобдориву китобхонӣ, миллатдӯстиву ватандӯстиро дар мамлакат фароҳам меоварад ва ин падидаро мо аллакай эҳсос менамоем.

Албатта, тақдими “Шоҳнома” бар ҳар хонадон тасодуфӣ нест. Ончуноне, ки китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонадон тақдим гардиду сабаби хонишу омӯзиши фарогири он дар саросари мамлакат гардид, озмунҳе ба бор овард, ки ин китобро на танҳо китоби рӯимизии мардуми мо кард, балки мутолиаи фарогири он аз ҷониби мардум барои худшиносии миллии мо, баланд бардоштани маърифати ватаншиносиамон саҳми бебаҳо гузошт, мо аминем, ки тақдими “Шоҳнома”-и безавол низ чунин ангезиш ва шояд бартар аз онро ба бор орад. Яъне, Пешвои миллати мо, чунон ки хоси он кас аст, бо дастовардҳои ҳосилшуда қаноатманд нагардида, бо ташаббусҳои нав ба нав доираи омӯзиш ва фарогирии худшиносии миллиро мехоҳанд ҳарчи бештар васеътар намоянд.

Ҷойи баҳс нест, ки омӯзиши “Шоҳнома” уфуқҳои тозатару фарогиртареро ба рӯи хонандаи тоҷик боз мегардонад. Ва ягон шубҳа ҳам нест, ки ин иқдом ва ташаббусҳои дигари Пешвои миллатамон, аз ҷумла баргузории озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат”- ҳама дар якҷоягӣ сатҳи фарҳангиву маърифатии мардуми моро хеле боло хоҳанд бардошт ва саҳми бузурге дар боло рафтану ғанӣ гардидани маънавиёти мо мегузоранд. Ва ин ҳам як падидаи дурахшони даврони Истиқлолияти далатӣ аст, ки имрӯз дар Тоҷикистони мо ба шарофати чунин сиёсати давлатӣ руҳияи умумии омӯзиш ва баланд бардоштани маърифат ба таври фарогир зуҳур намудааст.

Инак, дар партави ин иқдоми беназир ва фарогири Пешвои миллатамон оид ба дастраси тамоми хонадони тоҷик гардонидани шоҳасари безаволи миллии мо- “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ як шеъри тоза дар бузургдошти “Шоҳнома” тақдим ба хонандагон мегардад.

“ШОҲНОМА”

Ҳуҷҷати аслу асолат – “Шоҳнома”!
Бар Худои худ ибодат — “Шоҳнома”!

Бар Худое, ки маро ҷон доду алфоз,
Дод неруву ҷасорат — “Шоҳнома”!

То ки ихлос асту имон асту Меҳан,
Бо ту мебошам ба тоат, “Шоҳнома”!

Эй саломи мо ба хоки безаволӣ,
Эй фаросӯи нубувват- “Шоҳнома”!

Миллате бо ту сарафроз асту сарсабз,
Миллате бо ту саломат, ” Шоҳнома”!

Оли олиҳимматонро пойдорӣ,
Эй басиронро басират “Шоҳнома”!

Мактаби дарси ҷасоратҳои бемисл,
Мактаби шаъну шуҷоат “Шоҳнома” !

Мактаби родиву кохи безаволӣ,
Мактаби андарзу ҳикмат “Шоҳнома”!

Омадӣ бар мо чу файзи арши қудсӣ,
Омадӣ пайки асолат — “Шоҳнома”!

Руҳи Фирдавсӣ дар он фирдавси боло,
Бо ту бодо аз пур зи нусрат, “Шоҳнома”!

Ман ба номи бегазанду озаринат,
Мебарам пайки шаҳодат “Шоҳнома”!

Дар варақҳоят фурӯғи офтобест,
Ҳуҷҷати бахту саодат “Шоҳнома”!

Вожа-вожа медурахшад офтобат,
Эй фурӯғи зидди зулмат, “Шоҳнома”!

Ҳуҷҷати асли вуҷуди миллати ман,
Бар маро сӯи ҳақиқат “Шоҳнома”!

То ту ҳастӣ, миллати ман ҳеҷ гоҳе
Нест дар банди асорат “Шоҳнома”
Меҳани пояндаи мардонагиҳо
Меҳани ишқу саодат “Шоҳнома” !

Дар ту, танҳо дар ту гунҷидаст дунё
Бо ҳама шӯру шаҳомат “Шоҳнома”!

Эй китоби ҷумла адёни муқаддас,
Эй фурӯғи ҷони миллат “Шоҳнома”!

Ҳаббазо, пирӯзии ҷовид бо мост,
К-аз Худо дорам амонат “Шоҳнома”!

Сарпаноҳи миллати ворастаи ман
То қиёмат, то қиёмат, “Шоҳнома”!

АКС аз бойгонӣ

Май 20, 2024 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон чор Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиётӣ амалӣ мешавад
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллиро баргузор менамояд
Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд
Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»