Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд

Май 7, 2024 16:39

ДУШАНБЕ, 07.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ як зумра кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳои ҷашнӣ, нишони сарисинагӣ, ифтихорномаву сипоснома ва дигар мукофотҳои соҳавии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ ва дигар вазорату идораҳои ҳамкор қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сардори Саридора иброз дошт, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  6 май Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ муқаррар гардид.

Таъкид шуд, ки бо муқаррар гардидани 6 май — Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо ҳазор кормандони соҳаҳои касбу кори гуногун, ки бевосита бо маълумоти дорои сирри давлатӣ фаъолият менамоянд, рӯзи касбиашонро ид менамоянд. Зимни он ҳамасола масъалаҳои мубрами соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар мақомоти давлатӣ ва ташкилот баррасӣ ва ҳал карда мешаванд.

Гуфта шуд, ки Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо тамоми вазорату идораҳои мамлакат ҳамкории мутақобилан судмандро амалӣ намуда, пайваста барои тақвияти соҳа дар ҳамгироӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилот чораҷӯӣ менамояд.

АКС: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 7, 2024 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад