Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

Май 29, 2024 09:31

ДУШАНБЕ, 29.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни вохӯрии Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ бо муовини Вазири маорифи Федератсияи Русия Денис Грибов доир ба ҳамкории мутақобилан судманд музокирот доир гардид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.

Қабл аз оғози вохӯрӣ меҳмонон бо намоиши дастовардҳои хонандагони Литсейи туризм шинос шуда, ба ҳунари онҳо баҳои баланд доданд.

Академик Фарҳод Раҳимӣ ба меҳмонон дар бораи фаъолияти кумита, коллеҷҳо ва литсейҳои касбӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таъкид кард, ки имрӯз Федератсияи Русия яке аз шарикони боэътимоди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат тамоми шароиту имкониятро барои донишомӯзӣ ва аз бар намудани касбҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ  муҳайё намудаанд ва шаҳрвандон метавонанд аз ин ҳама шароиту имконият васеъ истифода баранд.

Муовини Вазири маорифи Федератсияи Русия Денис Грибов оид ба ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи маориф ва илм сухан гуфт. Денис Грибов вусъати ҳамкории ду давлати ба ҳам дӯстро хуб арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки  мо омодаем омӯзгорону донишҷӯёнро барои табодули таҷриба дар Федератсияи Русия қабул намоем.

Зимни вохӯрӣ ҷониби Русия барои ташкили филиалҳои коллеҷҳои Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо пешниҳод намуданд, ки  ба таври онлайн семинар, ҳамоиш ва конференсияҳои байналмилалӣ баргузор намоянд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 29, 2024 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
ИМД-2026. Барои довталабон 55 маркази имтиҳонӣ ташкил гардид
ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ. Шарту талаботи он барои довталаб чӣ гуна аст?
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид