Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд
ДУШАНБЕ, 29.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни вохӯрии Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ бо муовини Вазири маорифи Федератсияи Русия Денис Грибов доир ба ҳамкории мутақобилан судманд музокирот доир гардид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонанд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.
Қабл аз оғози вохӯрӣ меҳмонон бо намоиши дастовардҳои хонандагони Литсейи туризм шинос шуда, ба ҳунари онҳо баҳои баланд доданд.
Академик Фарҳод Раҳимӣ ба меҳмонон дар бораи фаъолияти кумита, коллеҷҳо ва литсейҳои касбӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таъкид кард, ки имрӯз Федератсияи Русия яке аз шарикони боэътимоди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат тамоми шароиту имкониятро барои донишомӯзӣ ва аз бар намудани касбҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ муҳайё намудаанд ва шаҳрвандон метавонанд аз ин ҳама шароиту имконият васеъ истифода баранд.
Муовини Вазири маорифи Федератсияи Русия Денис Грибов оид ба ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи маориф ва илм сухан гуфт. Денис Грибов вусъати ҳамкории ду давлати ба ҳам дӯстро хуб арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки мо омодаем омӯзгорону донишҷӯёнро барои табодули таҷриба дар Федератсияи Русия қабул намоем.
Зимни вохӯрӣ ҷониби Русия барои ташкили филиалҳои коллеҷҳои Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо пешниҳод намуданд, ки ба таври онлайн семинар, ҳамоиш ва конференсияҳои байналмилалӣ баргузор намоянд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд






