Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд

Май 13, 2024 14:44

ШАҲРИНАВ, 13.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав  тариқи қубурҳои об аз  канали Чузӣ корҳои тозакуниву таъмири лӯлаҳо гузаронида шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Масъулин зимни омодагӣ ба мавсими обёрӣ тавассути техникаҳои боркашонӣ дохили қубурҳои обгузарро, ки аз зери роҳи оҳан мегузаранд, аз лою гил тоза намуданд. Ҷараёни иҷрои тадбирҳои обёрии заминҳо таҳти назорати доимии раиси ноҳия ва ситоди доимӣ қарор дорад.

Ҳамчунин таҳти раёсати Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Шаҳринав бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои табиӣ ва селу обхезӣ ҷаласаи ситоди фаврии Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баргузор гардид.

Иброз гардид, ки бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани хавфи ҳолатҳои табиӣ, инчунин рафъи ҳолатҳои фавқулода дар каналҳои Мулло Шодӣ, Заркамар ва мавзеъҳои селпартои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов ва Боғистон бояд ба таври фаврӣ корҳои таъмиру тозакунӣ анҷом дода шаванд.

Ҳамзамон  дастур дода шуд, ки  дар маҳалҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, барои пешгирии хавфи ҳолатҳои табиӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар маҳал кор баранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Май 13, 2024 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа