«МАҚОМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Хуҷанд конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Май 19, 2024 18:38

ДУШАНБЕ, 19.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Мақоми ҷавонон дар рушди илм» конференсияи илмӣ-амалии вилоятии магистрантон доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд.

Гуфта шуд, ки сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба болоравии вазъи илму маориф ва расидан ба ин ҳадафҳои бунёдӣ дар Тоҷикистон нақши муассир гузоштааст.

Таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид доштанд, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии мамлакат, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини илму маориф мебошад.

Мояи сарфарозии ҷавонони саодатманд аст, ки дастгирӣ ва пуштибонии ин неруи созанда ба яке аз самтҳои меҳварии сиёсати Роҳбари олии давлат мубаддал гардидааст.

Конференсия аз рӯи 15 бахш дар факултетҳои донишгоҳ баргузор шуда, дар он маърузаҳои илмии магистрантону олимони  ҷавони вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Май 19, 2024 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд