Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон кафили амнияти ҷомеа мебошад
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маърифати ҳуқуқӣ аз донистан, риоя намудани меъёрҳои қонунҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон иборат мебошад. Яке аз мақсадҳои асосии тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар тафаккури онҳо ҷой намудани фарҳанги ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Худи раванди тарбияи ҳуқуқӣ қисми таркибии саводнокии умумии аҳолӣ буда аз се сатҳ–миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ иборат аст. Дар ин хусус муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ Мавлудахон Мирзозода андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.
— Аслан, имрӯз дар шароити бавуҷудомадаи геополитикӣ ба талабот мувофиқ будани шуури ҳуқуқии ҷомеа ғайр аз субъектҳои ҳуқуқ боз аз урфу одатҳо ва дигар арзишҳои миллию давлатӣ вобастагӣ дорад. Умуман, ҳуқуқфаҳмию ҳуқуқдонӣ ба ҳар шахс имкон медиҳад, ки мавқеи худро нисбат ба давлату ҷомеа муайян намояд.
Имрӯз мушоҳида мешавад, ки ҳамаи муноқишаву майдоннишиниҳо, ҳангомаю хунрезиҳо аз дарку фаҳмишу тафсири гуногуни қонунҳову ҳуқуқҳо аст. Барои шаҳрвандоне, ки касбияташон доштани шуури ҳуқуқии касбиро талаб надорад, донистани ҳадди ақалли қонуну ҳуқуқҳо кофӣ аст. Яке аз шартҳои пешрафти давлати ҳуқуқбунёд тарбия, таълим ва тарғиби меъёру арзишҳои ҳуқуқӣ буда, он бояд бо назардошти низоми ҳуқуқии давлатӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳанӯз 6 феврали соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фармон дар бораи “Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018– 2028” имзо гузоштанд, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа қадами устуворе ба пеш буд. Баъди пош хӯрдани давлати Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсис ёфта, 2 марти соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид гардид ва бо ҳамин ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ба ҳайси субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ пайваст гардид.
Маърифати ҳуқуқии миллати мо решаҳои қадимии таърихӣ дорад. Ҳанўз дар замони салтанати Ҳахоманишиён нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар аз ҷониби Куруши Кабир қабул шуда буд, ки муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои инсониро дар бар мегирифт. Моли касеро зўран нагирифтан, касеро ғулом накардан, мувофиқи кор музд гирифтан ва монанди инҳо нишонаҳои аввалини ҳуқуқи башар ё худ меъёрҳои ҳуқуқие буданд, ки ҷомеа тавассути онҳо идора мешуд.
Миллати тоҷик ба шарофати Истиқлоли давлатӣ соҳиби давлати миллии худ гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлате бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи вуҷуд кард. Ҳамагон медонанд, ки дар ташаккули давлатдории навини миллии мо омили ҳуқуқ нақши ҳалкунанда дошт. Соли 1994 нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид ва бо ҳамин таҳкурсии ҳуқуқии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоӣ гузошта шуд. Бо назардошти талаботи рўзафзуни ҳаёт ва бо мақсади тезонидани ҷараёни демократикунонии ҷомеа, инчунин бо тақозои меъёрҳои ҳуқуқи пешрафтаи ҷаҳон ба Конститутсия се маротиба–солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд ва ҳоло Конститутсияи Тоҷикистон яке аз қонунҳои асосии демократитарини ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Баъди таъсис ёфтани парламенти дупалатагӣ–Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қонунҳои зиёде қабул шуданд, ки онҳо амалан ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи моро танзим мекунанд.
Зиёда аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи худ уҳдадор шудааст, ки меъёрҳои аз ҷониби умум пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалиро эътироф ва эҳтиром намояд, яъне санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ акнун қисми таркибии низоми қонунгузории давлати моро ташкил медиҳанд. Мулоҳизаҳои болоӣ моро ба як хулоса меоранд, ки он хеле муҳим аст: омили асосии пешрафти на фақат давлати мо, балки тамоми кишварҳои ҷаҳон–ташаккули низоми пешрафтаи ҳуқуқӣ ва устувории қонуният дар ҷомеа мебошад. Ҳама гуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ танзим карда шаванд, ҳамаи одамон бояд тобеи ҳуқуқ бошанд, қонун муқаддас дониста шавад ва бечунучаро риоя гардад. Президенти Тоҷиистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2006 ин нуктаро хеле хуб баён намудаанд: «Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст».
Тоҷикистон мувофиқи моддаи 1-уми Конститутсия ташкили давлати ҳуқуқбунёдро мақсади худ қарор додааст, ки дар раванди ташаккули чунин давлат ҳуқуқ нақши асосӣ дорад. Маҳз аз ин рў, аз худ кардани асосҳои ҳуқуқ вазифаи ҳар шаҳрванд аст. Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки дониши ҳуқуқӣ танҳо ба онҳое зарур аст, ки аз рўйи касбу пеша фаъолият мекунанд, яъне ҳуқуқшиносанд. Ин андеша комилан нодуруст аст. Донистани ҳуқуқ вазифаи шаҳрвандии ҳар шахс, нишонаи фарҳанг ва сатҳи ақлонӣ ва илму маърифати ҳар шаҳрванд мебошад. Баръакс, надонистани ҳуқуқ аломати оҷизиву нотавонӣ, бефарқӣ нисбат ба тақдири давлату ҷомеа ва сарнавишти худ ба ҳисоб меравад. Дар қисми 2 моддаи 42-юми Конститутсия беҳуда сабт нашудааст, ки «надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Ин меъёри конститутсионӣ моро уҳдадор месозад, ки қонунро донем ва онро риоя намоем.
Бунёд намудани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мақсаду вазифаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Мақсади аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим даровардани ҳаёти ҷамъиятӣ низ аз он иборат аст, ки ҳуқуқ ва демократияро ба ҳам пайваста, давлати ҳуқуқӣ бунёд карда шавад. Ташкили чунин давлат орзуи деринаи бисёр мутафаккирони ҷаҳон мебошад, вале ин роҳ душвор буда, паймудани он вақти зиёдро металабад. Барои ин, ба вуҷуд овардани заминаҳои муайяни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ зарур аст. Бе баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷомеа, муҳайё кардани шароит барои ривоҷи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва кафолати риояи онҳо, масъулияти давлат дар назди шаҳрванд ва шаҳрванд дар назди давлат барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд аз имкон берун аст.
Асоси ҳуқуқии барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асоси он қабул карда шуда, бояд ба талаботи он мувофиқ бошанд.
Нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд инҳо: бартарии ҳуқуқ ва волоияти қонун, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо, масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс, таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошанд.
Вазифаи асосии ҳуқуқ танзими рафтори одамон, ташкилот ва муносибатҳои байни онҳо мебошад. Ин қоидаҳои рафтор ба ҳама ҳатмӣ мебошанд. Онҳо аз тарафи давлат қабул, муқаррар ва тасдиқ карда мешаванд. Яъне ҳуқуқ низоми қоидаҳои ба ҳама ҳатмии рафтор буда, аз тарафи давлат қабул, муқаррар ва тасдиқ карда мешавад ва муносибатҳои муҳимми ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Бо далели он ки меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби давлат муқаррар карда мешаванд, иҷрои он барои тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.
Ҳуқуқ муносибати одамонро нисбат ба худ ифода менамояд. Ин гуна муносибат метавонад мусбат ё манфӣ бошад. Дар ҳолати аз тарафи шаҳрвандон дарк шудани арзиш ва зарурати қонун ба ҳайси воситаи танзими ҷомеа муносибат ба қонунҳо ва ҳуқуқҳои инсон мусбат шакл мегирад. Агар инсон ҳуқуқро ҳамчун падидаи бефоида ва нолозим шуморад, он гоҳ муносибати худро ба ҳамаи он чизҳое, ки предмети батанзимдарории ҳуқуқ мебошад, дар ин ё он шакл бо таври манфӣ ифода менамояд. Ин муносибат вобаста ба дарки моҳияти ҳуқуқ метавонад самаранок, оқилона ва пуртаъсир бошад. Бояд дар назар дошт, ки шуури ҳуқуқӣ яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ мебошад. Вай дар алоқамандӣ бо шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ вуҷуд дошта метавонад. Шуури ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, бо ахлоқ вобастагии зич дорад. Зеро одамон ба моҳият ва мафҳуми қонунҳо, рафтори қонунӣ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рўйи меъёрҳои ахлоқӣ баҳо медиҳанд. Шуури ҳуқуқӣ бо ҷаҳонбинии фалсафӣ, ақидаҳои сиёсиву мафкуравӣ ва динӣ зич алоқаманд аст.
Ақидаи сиёсии одамон дар мавриди муносибат ба ҳуқуқ мавқеи муайянкунанда дорад. Ҷойи баҳс нест, ки ҳуқуқ танзимкунандаи муносибати байни одамон аст. Инсон худ қонун эҷод мекунад, онро ба ҳаёт татбиқ менамояд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии ҳуқуқэҷодкунӣ буда, ба ин навъи фаъолият ба таври касбӣ машғул аст.
Шуури ҳуқуқӣ ба одамон имкон медиҳад, ки ба рафтори худ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ баҳо диҳанд. Шуури ҳуқуқӣ дар таркибаш мафкураи ҳуқуқӣ дорад, ки он дар навбати худ аз мафҳум ва тасаввурот оид ба ҳуқуқ ва зуҳуроти он иборат мебошад. Ҳангоми таҳлили муносибати шаҳрвандон ба қонун метавонем дар шуури ҳуқуқӣ дигар унсурҳоро ба мисли унсурҳои иттилоотӣ, баҳодиҳӣ ва иродавиро ҷудо намоем. Омӯзиши махсус ҳангоми амалинамоии ҳуқуқ боис мегардад, ки шуури ҳуқуқии касби ба миён ояд. Аслан ин субъектҳо дониши баланди ҳуқуқии касбӣ дошта, онро ба амалия татбиқ намуда метавонанд. Табиист, ки ин гуна одамон маълумоти касбии ҳуқуқӣ доранд.
Шуури ҳуқуқии аҳолӣ ва фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ба ҳам вобастагии зич дошта, дар ҳолати ба ҳам мувофиқ омадан, боиси рушди низоми ҳуқуқии давлат мегарданд. Гузашта аз ин, фарҳанги ҳуқуқӣ аз он, ки аҳолӣ то чӣ дараҷа арзишҳои ҳуқуқиро медонад ва доир ба муносибатҳои ҳуқуқӣ маълумот дорад, муносибати аҳолӣ ба қонун, суд, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чӣ гуна мебошад, ақидаву мафҳумҳои ҳуқуқӣ то чӣ андоза дар шуури одамон акс ёфтаанд, вобаста мебошад. Сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқӣ мумкин аст танҳо дар фаъолияти воқеии ҳуқуқӣ ва рафтори ҳуқуқии одамон ифода ёбад. Барои ҳамин унсури дигари таркибии фарҳанги ҳуқуқӣ сатҳи инкишофи фаъолияти ҳуқуқӣ мебошад. Вай аз фаъолияти омўзишии донишҷўён ва шунавандагони факултаҳо ва донишкадаҳои ҳуқуқӣ, инчунин, аз фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи он иборат аст. Ҳамзамон, фарҳанги ҳуқуқии ҷомеаро дар бисёр ҳолатҳо рафтори воқеии ҳуқуқии шаҳрвандон, фаъолияти онҳо доир ба амалӣ намудани ҳуқуқ, дараҷаи дониши ҳуқуқҳои худи онҳо ва саривақт иҷро намудани уҳдадориҳо, инчунин, тамоми амалҳои манъшуда ва то чӣ дараҷа ҳуқуқҳои худро пурра истифода бурдани одамон, муайян менамоянд.
То кунун 25 Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Дар ҳамаи паёмҳо ба масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ, муқовимат ба экстремизму терроризм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ин зуҳуроти манфии ҷамъиятӣ аз нигоҳи таъмини иҷроиши қонун ва муҳофизати ҳуқуқҳои шаҳрвандон таҳлил гардидаанд.
Барои мисол, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 30 апрели соли 2001 чунин сатрҳоро мехонем: «Мо ҳоло дар марҳалаи махсуси таърихии худ–давраи гузариш қарор дорем. Яке аз талаботи давраи гузариш ин аст, ки бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, ҳамчунин бо назардошти шароити марҳилаи гузариш ва давраҳои минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳои саривақтию ҷавобгӯй ба талаботи иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави иқтисодӣ ворид намоем». Таваҷҷуҳ намоед, ки дар ин Паём Президенти мамлакат ба соҳаи ҳуқуқ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои вай, баланд гардидан маърифати ҳуқуқии аҳолӣ диққати махсус дода, дар ин росто дар қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаббусҳо анҷом додаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 таъкид намуданд, ки «…соли 2024 сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад… Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад».
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023 ба имзо расид. Мақсад аз қабули фармон баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ниҳоди ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Шуурнокии ҳуқуқии шаҳрвандон дараҷаи рушди давлатро муайян намуда, эътибори онро дар миқёси ҷаҳон таъмин менамояд. Ҳуқуқэҷодкунӣ, амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини низоми қонун дар ҳудуди давлат, аз тарафи ниҳодҳои дахлдор ва ваколотдори давлатӣ, риояи қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ аз қабили омилҳое ҳастанд, ки сабаби таҳкими ваҳдат, сулҳу осоиш ва амният дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мегарданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон