ҒИЗОИ СОЛИМ. Челонро барои мубориза бо шамолхӯрӣ ва баланд бардоштани масуният тавсия медиҳанд

Декабрь 7, 2025 14:00

 ДУШАНБЕ, 07.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Челон меваест, ки дар таркибаш 25-32 фоиз қанд, 2,6 — 3,4 фоиз сафеда, то 3,7 фисад равған ва витамини C дорад. Дар тиб онро барои мубориза бо шамолхӯрӣ, баланд бардоштани масуният, ором кардани системаи асаб, табобати бемориҳои дилу раг, хусусан фишори баланди хун ва паст кардани холестирин дар хун истифода мебаранд. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.

Дар пӯсти челон моддаҳои ғизоӣ, дар баргаш моддаҳои коҳишдиҳандаи дард, кислотаи аскарбин, қатрон, глюкозид ва дар таркиби меваи он миқдори зиёди қанд, витамин С, кислотаҳои органикӣ ва дар мағзи донакаш то 33 фоиз равған мавҷуд аст.

Челонро дар табобати халқӣ барои бемориҳои  гурдаву пешобдон, роҳи нафас, ревматизм ва бемориҳои рӯда аз қадим истифода мебаранд. Аз пӯсти решааш доруи қувватбахшанда ва равшанкунандаи дил тайёр карда мешавад.

Меваҳои челон ҳамчунин ба бемориҳои  систит ва диарея кумак мерасонанд ва меъдаро мустаҳкам мекунанд. Дар табобати халқии Осиёи Миёна  аз мева ва баргҳои челон шарбат тайёр намуда, барои бартараф намудани дарди қафаси сина, диққи нафас, дарди дил ва камхунӣ истифода мебаранд.

Чуноне ки Ибни Сино таъкид намудааст, меваҳои он ба меъдаву рӯда қувват медиҳанд, рехтани мӯи сарро пешгирӣ мекунанд, ба фаъолияти шуш, гурда, талха ва пешобдон фоида мебахшанд. Баргҳояш барои бартараф намудани бемориҳои тангнафасӣ ва роҳҳои нафасгирӣ кумак мерасонанд.

Дар тибби Ҳиндустон челонро ҳамчун воситаи дафъи шамолхӯрӣ, омос, ҷароҳату фасод, заҳри неши каждум ва сӯзок истифода  менамоянд. Дар Чин онро ба таркиби доруҳои мураккабе, ки ба бемориҳои гипертония,  номураттабии кори дил ва сил шифо мебахшанд, дохил мекунанд.
Дар тибби муосир аз мева ва барги челон шираи 10-фоиза тайёр мекунанд, ки барои пешобронӣ давои беҳтарин дониста мешавад.

Меваи челон  гирд ва дарозшакл буда, донак дорад, рангаш сурху ҷилодор аст.  Дарахти он дар моҳҳои июн-июл гул карда, мевааш дар моҳҳои август-сентябр пухта мерасад. Барг ва меваи он мавриди истифода аст.

Табибон тавсия медиҳанд, ки ба 15-20 грамм меваи челон  300 милилитр об рехта (барои як истеъмол) дар буғ меҷӯшонед.
Барои бемориҳои бронхит, систит ва пиелит ҳар рӯз 2-3 маротиба (10-20 донагӣ) челонро истеъмол намудан тавсия дода мешавад. Инчунин 300 грамм челонро ба 6 литр об ҳамроҳ карда, то 5,5 литр боқӣ мондани он дар оташи паст меҷӯшонанд. Ин шарбати шифобахш хунро тоза ва тунук мекунад.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 7, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид