МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шибит давои хуб барои бемориҳои узвҳои ҳозима аст
ДУШАНБЕ, 12.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шибит ё шибитак растании хӯрданӣ буда, мизоҷаш дар дараҷаи дуюм гарм ва хушк аст. Шибит аз навъҳои дастрастарин сабзаҷот буда, аз витаминҳо, антиоксидантҳо ва нахҳо бой мебошад. Таркиби ин растанӣ аз флавоноидҳо, каротиноидҳо ва дигар антиоксидантҳо бой аст, ки истеъмоли он организмро аз таъсири зараровари радикалҳои озод муҳофизат намуда, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ мекунад. Инчунин бо илтиҳоб мубориза бурда, таъсири зидди саратонӣ дорад.
Оид ба хусусияти шифоии шибит дар китоби «Канзи шифо» чунин омадааст: «Онро хоҳ дар ошҳо ва хоҳ бо дигар таомҳо бихӯранд, варамҳои дохилиро мегардонад ва ё мепазонад. Ҳамаи гиреҳҳои дар узвҳои бадан пайдошударо мекушояд, ғизоро ҳазм мекунад. Инчунин ҳангоми заҳролуд гаштани бадан- хоҳ аз хӯрок бошад ва ё хоҳ ҷонварони заҳрнок бигазанд, ба ҳамааш шифо мебахшад. Дарди рӯдаҳо ва дигар дардҳоеро, ки дар ҷойҳои дигари бадан пайдо шаванд, таскин медиҳад».
Ба гуфтаи мутахассисон, хӯрдани шибит барои узвҳои ҳозима фоидаовар мебошад. Он иштиҳоро оварда, кори рӯдаҳоро беҳтар месозад. Доруҳое, ки таркибашон дар асоси шибит омода шудааст, барои муолиҷаи метеоризм ва гастрит истифода бурда мешаванд.
Дар таркиби ин растанӣ витамини С нисбат ба ситрусҳо ду маротиба бештар аст. Ҳамзамон шибит дорои витаминҳои РР, тиамин, рибофлафин ва намакҳои минералӣ мебошад.
Муҳаққиқон истбот намудаанд, ки флавоноидҳо ва фитонсидҳои таркиби шибит организмро ба воситаи безараргардонии бактерияҳо муҳофизат менамоянд. Ин таркиби моддаҳо ҳуҷайраҳои радикалҳои озодро аз байн бурда, пиршавии барвақтиро пешгирӣ менамоянд.
Шибитро дар хӯрок истеъмол карда, чун воситаи табобатӣ васеъ истифода мебаранд. Равғани аз тухмии ин растанӣ омодашуда яке аз элементҳои асосӣ ва ҳамешагӣ барои таҳияи лавозимоти ороишӣ маҳсуб мешавад. Онро ҳамчун маводи хушбӯйкунанда омехта менамоянд.
Истеъмоли шибит чандон таъсири манфӣ ба организм намерасонад, аммо нафароне, ки гирифтори ҳассосияти ғизо мебошаанд, онҳоро мебояд эҳтиёткор бошанд. Ба гуфтаи мутахассисон, нафароне, ки фишори паст доранд ва занони ҳомила, ки гирифтори мушкилот ё ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ мебошанд, мебояд ҳангоми истеъмоли шибит аз эҳтиёт кор бигиранд. Истеъмоли барзиёди ин растанӣ метавонад фишорро паст кунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз шибит дар як рӯз то 25 грамм аст. Агар аз ин бисёр бихӯред, барои одамони гарммизоҷ зарар дорад, зеро мизоҷи шибит ҳам гарм аст. Шикамро боднок мекунад ва дилро беҷо месозад. Агар оберо, ки дар он шибит ҷӯшонида шуда бошад, аз ҳад зиёд ва бардавом бинӯшед, ба майна, чашм, меъда, хичак ва гурда зарар мекунад, яъне ин узвҳоро суст ва заиф мегардонад.
Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Рушди илмро дар ин давра метавон яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуд
АҲАММИЯТИ ТАШАББУСҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ. Тақриз ба китоби «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлол»
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Сайбибӣ Шарифова чун фариштаи меҳр 50 соли умри пурбаракаташро ба соҳаи тандурустӣ бахшидааст
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба хушконидани меваҳо бо тарзи муосир
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛОФАРӢ. Андешаҳои коршиноси масоили сиёсӣ дар ин маврид
ТОҶИКИСТОН — ПЕШОҲАНГИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Ташаббуси Пешвои миллат аз он ҷиҳат муҳим аст, ки сулҳро масъулияти наслҳо дар назди ояндаи инсоният меҳисобанд
САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон






