Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд

Май 6, 2024 18:55

ДУШАНБЕ, 06.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар  Душанбе мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо Директори генералии Дафтари минтақавии Созмони рушди савдои хориҷии Ҷопон (JETRO) дар Осиёи Марказӣ   Ҷун Такахаши баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Ҳадафи мулоқот баррасии масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ буд.

Роҳбарияти Кумита дар бораи фаъолият, воҳидҳои сохтории  Кумита ва ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ маълумот дод.

Ҷун Такахаши дар бораи фаъолияти JETRO маълумот дода, масъалаи ҳамкорӣ бо Кумита дар соҳаи аксбардории моҳвораӣ ва технологияҳои иттилоотиро ба миён гузошт.

Иттилоъ дода шуд, ки JETRO пешниҳод намудааст, ки 10-11 июни имсол бо ҷалби мутахассисон аз Ҷопон барои сохторҳои дахлдори Кумита ҳамоиш баргузор карда шавад.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2024 18:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд