«МО, ҶАВОНОН НАСЛИ ХУШБАХТИ ТОҶИКИСТОНЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ҷавонони фаъолро қадрдонӣ намуданд

Май 23, 2024 16:54

ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Мо, ҷавонон насли хушбахти Тоҷикистонем!» барномаи  фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиш дар доираи моҳвораи ҷавонон баргузор гардида, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар донишгоҳ якчанд мусобиқаи варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми ректори донишгоҳ», волейбол, гӯштини миллӣ дар 2 вазн, тенниси рӯи миз, турниккашӣ ва бандкашӣ, инчунин озмуни мақолаи беҳтарин таҳти унвони «Тоҷикистон мамлакати ҷавонон аст» дар байни омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни 14 факултет натиҷагирӣ карда шуд.

Ғолибони озмуну мусобиқаҳо дар вазъияти тантанавӣ бо ҷом, диплом, Ифтихорнома ва сипосномаҳои донишгоҳ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Май 23, 2024 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст