Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони Ҳисор баъди боронҳои пуршиддат шинос шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти кишоварзон, ҳолати заминҳои кишт ва боғҳои шаҳр баъд аз боронҳои пуршиддат ва пай дар пайи рӯзҳои охир шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Ҳадафи сафари муовини Сарвазири мамлакат ба шаҳри Ҳисор шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ, омодагӣ ба ҷамъоварии ҳосили дар хоҷагиҳо парваришшуда ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки замин, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши содироти маҳсулот ва захираи зарурии маводи ғизоӣ арзёбӣ гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод бо мавзеъҳое, ки дар онҳо манзили чанде аз сокинон зери об монда буд, инчунин ҷараёни корҳои тоза намудани сойе, ки бар асари бориш, обу лой аз соҳилҳояш баромада, ба мардум зарар расонидааст, шинос шуд.
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода муовини Сарвазири Тоҷикистон ба парвариши кирмак, кишти чигит ва ҳолати коркарди агротехникӣ, нигоҳубини боғи себ ва майдони сабзавот дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ таваҷҷуҳ намуда, оид ба нигоҳубини минбаъдаи онҳо ба деҳқонону боғпарварон маслиҳату тавсияҳои муфид дод.
Ҳамзамон муовини Сарвазири мамлакат дар хоҷагиҳои «50-солагии Октябр» ва ба номи Латиф Муродов бо майдони ғаллазор, гармхонаҳо, парвариши Картошка ва фаъолияти чорводорон дар ферма шинос шуд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода барои ислоҳи камбудиҳое, ки дар хоҷагиҳо ба мушоҳида расиданд, ба мутахассисони соҳаи кишоварзии шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






