«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 май дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ» ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.
Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода оид ба ҳамбастагии ҷавонон ва сулҳу суботи ҷомеа, тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ сухан гуфт. Иброз гардид, ки имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеию пешрафти ҷомеа мебошанд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар сиёсати давлатӣ мавқеи ҷавононро назаррас арзёбӣ менамоянд.
Иштирокдорон доир ба нақши ҷавонон дар замони Истиқлол, дӯстиву рафоқат байни ҷавонон, пос доштани арзишҳои миллӣ ибрози назар намуда, изҳор доштанд, ки дар марҳилаҳои гуногуни рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатӣ дар бахши ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», консепсияву стратегияҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон қабул гардиданд, ки дар ҳаёти ҷавонони мамлакат нақши муҳим мебозанд.
Таъкид шуд, ки бо дарки масъулият ҷавонони баору номуси мамлакатро зарур аст, ки дар пайравӣ ба мактаби бузургу ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа иштироки фаъолона дошта бошанд.
Дар охир ба чанд омӯзгору донишҷӯи ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва донишгоҳ тақдим шуда, таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо ба таҳкими худшиносию ватандӯстии ҷавонон ва мустаҳкам намудани донишҳои ҳуқуқии онҳо мусоидат менамоянд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
Доир ба Конвенсияи Ромсар ва аҳамияти байналмилалии он нишасти илмӣ баргузор гардид
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф бо ректори Донишгоҳи СММ баррасӣ гардид
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва инноватсия таҳким мебахшад






