Намояндагии Муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Русия дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид

Май 28, 2024 14:48

ДУШАНБЕ, 28.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндагии Муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.

Зимни ифтитоҳи Намояндагӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва дигар намояндагон иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи мулоқоту музокироти пай дар пайи роҳбарияти олии ҳарду мамлакат ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори он барои дар амал татбиқ намудани муқаррароти Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия бобати бокортаъминкунӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Ҳадафи асосии таъсиси ин намояндагӣ анҷом додани якчанд чорабиниҳои омодагӣ, аз ҷумла санҷиши пеш аз сафар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, акнун шаҳрвандони мо имкон доранд, ки дар дохили ҷумҳурӣ аз бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Федератсияи Русия гузаранд. Ин барои омодагии минбаъда баҳри ҷалби муташаккилонаи онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ мусоидат менамояд.

Дар доираи тадбирҳои андешида минбаъд корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Русия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар хизматрасониҳо барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия, машваратҳои ҳуқуқӣ доир ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, хавфҳои муҳоҷират ва пешгири муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар сатҳи сифатан нав гузаронида мешаванд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон барои ҷойгир намудани сохторҳои ин намояндагӣ дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон утоқҳои корӣ ҷудо ва таъмиру навсозӣ намуд.

Дар доираи татбиқи муқаррароти Созишнома намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҳарду ҷониб барои дар муддатҳои наздик ба роҳ мондани гузаштани муоинаи тиббӣ, супоридани имтиҳонҳо, гирифтани маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи барномаҳои Федератсияи Русия, ки ҳамаи ин барои гирифтани патент ва фаъолияти қонунии шаҳрвандони мо дар ҳудуди Федератсияи Русия заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад, кор мебаранд.

АКС: Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 28, 2024 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад