ОИЛА-АСОСИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА. Дар ноҳияи Фархор Рӯзи байналмилалии оила бошукуҳ таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони «Оилаи солим — асоси пойдории давлат ва ҷомеа» бо иштироки оилаҳои намунавӣ ва навхонадорон ҳамоиши фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш аз муқаддас донистани арзишҳои оиладорӣ, нигаҳдории меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи фарзандон, дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо иборат буд.
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ — муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ, ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳз Тоҷикистон аз аввалин давлатҳое мебошад, ки Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»-ро таҳия ва қабул намудааст. Ҳоло дар мамлакат оид ба ҳифзи манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии занони тоҷик беш аз 60 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ мавриди амал қарор дорад. Ҳамчунин «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» қабул карда шудааст.
Ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад, ки он соли 1994 бо қарори Ассамблеяи генералии СММ эълон гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ин ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст, соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд. Таъкид гардид, ки оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад.
Яке аз ҳадафҳои муҳими ҷомеаи муосир бунёди оилаи солим ва тарбияи дурусти насли наврас дониста шудааст. Зиндагии инсон дар оила оғоз меёбад, оила ба одам муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубонӣ меомӯзад. Муошират кардану бо ҷаҳони берунӣ шинос шудан ва дарки арзишҳои олӣ низ аз оила сар мешавад.
Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба оилаҳои намунавӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: рӯзномаи «Хатлон»








Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст






