Оилаи Абдуғаффор Қаюмов дар ноҳияи Ҷайҳун аз соли 1982 ба парвариши кирмаки пилла машғул аст
ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷайҳун оилаи Абдуғаффор Қаюмов аз соли 1982 инҷониб ба парвариши кирмаки пилла машғул аст. Онҳо соли 2023 4 қуттӣ кирмак гирифта, аз он 130 килограмм пилла ба даст оварданд. Имсол 3 қуттӣ гирифта, мақсад доранд, ки аз он 120 килограмм пилла ҷамъоварӣ намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ҳамчунин аҳли ин хонавода дар 0,24 гектар замини наздиҳавлигияшон картошка, помидор ва лӯбиё кишт намудаанд.
Сокини дигари ноҳияи Ҷайҳун Собир Ҳасанов дар 0,05 гектар замини назди манзили истиқоматиаш гармхонаи лимӯ бо 60 бех ниҳоли лимӯ ташкил намуда, имсол 4,5 тонна ҳосил ба даст овард.
Зимни суҳбат бо пиллапарварон Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки пиллапарварӣ ҳамчун соҳаи сердаромаду афзалиятноки иқтисодӣ барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, рушди саноати сабук, истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ ба саломатӣ безарар ва таъмини садҳо нафар бо ҷойи кор нақши муассир дорад.
«Тоҷикистон барои рушди ин соҳа шароити мусоид дорад. Масъулони соҳаро мебояд заминаи хӯроки кирмаку тақсимоти саривақтии тухмии онро афзун намуда, фаъолияти парваришгоҳҳои махсуси кирмакро рушд бахшанд. Ба ин восита корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хом таъмину барои ҳазорон нафар ҷойи нави кор муҳайё карда мешавад»,- афзуд раиси вилоят.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ






