Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Озарбойҷон доир шуд

Май 25, 2024 13:44

ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 23 май Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Озарбойҷон баргузор гардид.  Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо намоиши филми ҳунарии классикии «Рустам ва Суҳроб» оғоз шуд. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Дар расми ифтитоҳи ин рӯзҳо  таъкид гардид, ки баргузории Рӯзҳои синамои Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то робитаю  ҳамкорӣ дар соҳаи синамо, табодули таҷриба, офаридани филмҳои муштарак ва намоиши филмҳои ватанӣ ба алоқамандони синамо ба роҳ монда шавад.

Ҷониби Озарбойҷон таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи синамо байни синамогарони тоҷику озарро амри зарурӣ ва муҳим арзёбӣ намуда, тазаккур дод, ки робитаю муносиботи Тоҷикистону Озарбойҷон, бахусус ҳамкории судманди синамогарон решаҳои амиқи таърихӣ доранд.

«Моро месазад, то ин ҳамкориро боз ҳам ҷоннок намоем, аз ҳамдигар биомӯзем ва таҳияи филмҳои муштаракро оғоз бахшем, ки ба манфиати ҳар ду миллат ва синамогаронамон хоҳад буд», — иброз доштанд ҳайати филмофарони Озорбойҷон.

Дар идома табодул ва тақдими туҳфаҳои хотиравӣ байни ҳайатҳои ҳар ду ҷониб анҷом дода шуд.


Давоми чор рӯз барои  ҳаводорону алдоқамандони синамо филмҳои тоҷик, ба монанди филми ҳунарии классикии «Рустам ва Суҳроб»-и коргардон Борис Кимёгаров, филмҳои ҳунарии «Дов»-и коргардон Муҳиддин Музаффар, «Оинаи беҷило»-и коргардон Носир Саидов ва филми мустанади «Шинохти Саразм»-и коргардон Рустам Сатторзода намоиш дода шуд.

Филмҳо дар Маркази синамои ба номи «Низомӣ»-и шаҳри Боку намоиш дода шуд.

Дар доираи чорабинӣ мулоқоту вохӯриҳои судманди синамогарони тоҷик бо ҳамтоёни озариашон баргузор шуд.

Рӯзҳои синамои Тоҷикистон 23 май бо намоиши филми ҳунарии «Оинаи беҷило» анҷом ёфт.

 

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Май 25, 2024 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд