РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ Фестивал-симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Дурнамои рушди мусиқии суннатии халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо иштироки ҳайатҳои ҳунарӣ ва олимони санъатшиноси давлатҳои Тоҷикистон, Озорбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон Фестивал- симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.
Дар ҷараёни фестивал-симпозиум ташкили дарсҳои маҳорат бо услуби «Устод – шогирд» дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дар назар аст. Ҳамзамон дар ин рӯз барномаи консертии ҳунармандони тоҷик дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ доир мегардад.
Ба ифтихори Рӯзи шашмақом, ки дар мамлакат ҳамасола 12 май гузаронида мешавад, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барномаҳои консертии муштарак бо иштироки ҳайатҳои ҳунарии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон доир мегардад.
Бояд гуфт, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рушди минбаъдаи санъати иҷрогарии шашмақом дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки дар дастгирӣ ва рушди ин санъат нақши муҳим гузошт. Инчунин дар ҳамин сол бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи телевизион ва радио мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти шашмақом Фазлиддин Шаҳобов дода шуд.
Ҳамчунин бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон ин шоҳкории ниёгон ба феҳристи ЮНЕСКО пешниҳод гардид, ки 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.
Ёдовар мешавем, ки шашмақом ганҷинаи бебаҳои миллати мо буда, шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ба ифтихори ин ганҷинаи бебаҳои миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






