Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон: Рассомҳо дар таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақши муносиб мегузоранд

Май 21, 2024 16:03

ДУШАНБЕ, 21.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ман шодам, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон намоишгоҳи санъати тасвирӣ ва ороишии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт ва мо дар кори он  иштирок менамоем. Ҳар чорабинии фарҳангӣ, албатта, ид аст. Санъат сарҳад надорад, зеро он халқҳоро муттаҳид мекунад. Имрӯз мо, намояндагони санъат кӯшиш дорем, ки барои мустаҳкам намудани дӯстӣ ва муттаҳид гардидани мардумони тоҷику озарбойҷонӣ саҳми назаррас гузорем.  Чунин иброз намуд Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова 20 май зимни ифтитоҳи намоишгоҳи  санъати тасвирӣ ва ороишии Тоҷикистон дар шаҳри Боку, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мавсуф гуфт, ки дар намоишгоҳ қариб сӣ асари рассомони маъруфи Тоҷикистонро пешкаши тамошобинон намудаанд, ки дар сабку самт ва жанрҳои гуногун эҷод шуда, ҳар яки он мавзуъҳои хос дорад. Онҳо зебоиҳои диёр, симои зан-модар ва дигар дастовардҳои Тоҷикистонро ифода мекунанд. Инчунин дар расмҳо ҷашну анъанаҳои мардуми тоҷик инъикос ёфтаанд.

«Дар ин намоишгоҳ асарҳои рассомони машҳури тоҷик, асарҳои аъзои Иттифоқи рассомони мамлакат низ ба намоиш гузошта шудаанд.  Дар баробари ин дар намоишгоҳ намунаҳои равшану аслии ҳунари тарроҳҳони маъруфи тоҷикро  дидан мумкин аст», — афзуд Наргис Ҳамидова.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 21, 2024 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд