Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон: Рассомҳо дар таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақши муносиб мегузоранд
ДУШАНБЕ, 21.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ман шодам, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон намоишгоҳи санъати тасвирӣ ва ороишии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт ва мо дар кори он иштирок менамоем. Ҳар чорабинии фарҳангӣ, албатта, ид аст. Санъат сарҳад надорад, зеро он халқҳоро муттаҳид мекунад. Имрӯз мо, намояндагони санъат кӯшиш дорем, ки барои мустаҳкам намудани дӯстӣ ва муттаҳид гардидани мардумони тоҷику озарбойҷонӣ саҳми назаррас гузорем. Чунин иброз намуд Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова 20 май зимни ифтитоҳи намоишгоҳи санъати тасвирӣ ва ороишии Тоҷикистон дар шаҳри Боку, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мавсуф гуфт, ки дар намоишгоҳ қариб сӣ асари рассомони маъруфи Тоҷикистонро пешкаши тамошобинон намудаанд, ки дар сабку самт ва жанрҳои гуногун эҷод шуда, ҳар яки он мавзуъҳои хос дорад. Онҳо зебоиҳои диёр, симои зан-модар ва дигар дастовардҳои Тоҷикистонро ифода мекунанд. Инчунин дар расмҳо ҷашну анъанаҳои мардуми тоҷик инъикос ёфтаанд.
«Дар ин намоишгоҳ асарҳои рассомони машҳури тоҷик, асарҳои аъзои Иттифоқи рассомони мамлакат низ ба намоиш гузошта шудаанд. Дар баробари ин дар намоишгоҳ намунаҳои равшану аслии ҳунари тарроҳҳони маъруфи тоҷикро дидан мумкин аст», — афзуд Наргис Ҳамидова.
АКС аз манбаъҳои боз








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






